Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026, ки дар Ҷопон идома доранд, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026, ки дар Ҷопон идома доранд, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба варзишгароне, ки дар ин мусобиқа медали тилло мегиранд, 150 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёни онҳо 30 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Ба варзишгароне, ки ҷойи дуюмро мегиранд,  100 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёни онҳо 20 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Инчунин ба варзишгароне, ки ҷойи сеюмро ба даст меоранд, 50 ҳазор сомонӣ дода шуда, ба мураббиёни онҳо 10 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад.

Мақсади ин иқдом ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ — 2026 мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"