Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Имрӯз дар шаҳри Душанбе доир ба афзалияти Тоҷикистон дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) ва муаррифии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон 3.0 (NDC 3.0)» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи илмӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш муҳокимаи мавқеъ ва афзалияти Тоҷикистон дар арафаи Конфронси COP31, инчунин муаррифии сеюми Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишвар мебошад.
Баҳодур Шерализода доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуда, афзуд, ки қисми зиёди ҳудуди Тоҷикистонро минтақаҳои кӯҳистон ташкил медиҳанд ва пиряхҳо манбаи асосии захираҳои оби кишвар ба шумор мераванд. Обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, обхезӣ, тарма ва хушксолӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, энергетикаи обӣ, захираҳои об ва амнияти озуқаворӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон таъкид намуданд, ки барои татбиқи ҳадафҳои пешбинишуда тақвияти ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва дастгирии шарикони байналмилалӣ зарур мебошад.
Ҳамоиш ба муаррифии афзалияти иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи COP31, инчунин баррасии ҳуҷҷати NDC 3.0, ки ҳадафҳои миллии иқлимии кишварро то соли 2035, тадбирҳои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро муайян менамояд, бахшида шуд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҳамоиш аҳаммияти гузариш аз муайян намудани ҳадафҳои иқлимӣ ба татбиқи амалии онҳоро таъкид намуд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2026 тасдиқ гардидани NDC 3.0 қадами муҳим дар таҳкими уҳдадориҳои миллии иқлимии кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи ин санад, Тоҷикистон ният дорад, ки партовҳои газҳои гулхонаиро дар муқоиса бо сатҳи соли 1990 то соли 2030 ба андозаи 10 фоиз ва то соли 2035 ба андозаи 15 фоиз коҳиш диҳад. Дар ҳолати дастрас гардидани дастгирии зарурии молиявӣ ва технологии байналмилалӣ ин нишондиҳандаҳо метавонанд мутаносибан то ба 25 ва 40 фоиз расонида шаванд.
«Тасдиқи NDC 3.0 анҷоми кор нест, балки оғози марҳилаи муҳимтар — татбиқи амалии он мебошад. Ҳадафҳои муайяншуда бояд дар барномаҳои соҳавӣ, нақшаҳои рушди минтақаҳо ва афзалияти сармоягузорӣ инъикос ёбанд. Самаранокии сиёсати иқлимӣ бояд на аз рӯи шумораи ҳуҷҷатҳои таҳияшуда, балки аз рӯи натиҷаҳои воқеӣ барои иқтисодиёт ва аҳолӣ арзёбӣ гардад»,-изҳор намуд Баҳодур Шерализода.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳаҷми умумии маблағгузории зарурӣ барои татбиқи тадбирҳои пешбинишудаи NDC 3.0 дар давраи солҳои 2026–2035 вобаста ба сенарияи татбиқ аз 20 то 22,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ин замина ҷалби маблағҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла маблағгузории имтиёзнок, грантҳо, технологияҳои муосир ва сармоягузории бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиш самтҳои асосии татбиқи NDC 3.0, механизмҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин қадамҳои минбаъда барои иҷрои уҳдадориҳои иқлимии кишвар баррасӣ шуданд. Ба ҷараёни таҳияи Ҳисоботи дусола оид ба шаффофият (BTR), Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (NAP) ва Стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ (NBSAP) таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар доираи чорабинӣ маросими расмии супоридани ҳуҷҷати NDC 3.0 аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Он рамзи ҳамкории шарикӣ ва оғози марҳилаи нави масъулияти муштарак дар татбиқи ҳадафҳои иқлимии мамлакат арзёбӣ гардид.
Ҳамоиш барои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, табодули афкор ва ҳамоҳангсозии иқдомҳои минбаъда дар самти татбиқи сиёсати иқлимии Тоҷикистон ва омодагии мамлакат барои иштирок дар COP31, ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мегардад, замина фароҳам овард.
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон