Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Парасту» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифзода ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо иштирок намуданд.
Иншооти мазкур бо ташаббуси шоиста ва маблағгузории соҳибкори ватанӣ Бахтиёр Сайидзода бунёд гардида, саҳми арзандае дар рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва фароҳам овардани шароити мусоиду муосир барои таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Муассиса аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 1900 метри мураббаъ сохта шудааст. Кӯдакистон дорои шаш синфхонаи барҳаво, ошхонаи замонавӣ, толори мусиқӣ ва толори варзишӣ буда, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар атрофи бино майдончаи муосири бозӣ бунёд гардидааст, ки барои солимиву фароғати кӯдакон ва рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо шароити беҳтарин муҳайё мекунад.
АКС: Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе