Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе в…

ТОҶИКОБОД, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи чаҳоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад, вале дар ноҳияи Тоҷикобод ягона корхонаи саноатии «Хишти Тоҷикобод» солҳои дароз аст, ки аз фаъолият боз мондааст.

Бояд гуфт, ки бо беҳбудӣ ёфтани вазъи зиндагии сокинон ба хотири бунёди хонаҳои замонавӣ ва дигар иншооти гуногун дар ноҳияи Тоҷикобод талабот ба маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла хишти пухта зиёд гардидааст. Мутаассифона, аз сабаби фаъолият накардани корхонаи саноатии «Хишти Тоҷикобод» сокинони ноҳия маҷбур мешаванд, ки аз дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ хишти пухта оварда, иншооти гуногун бунёд намоянд.

Корхонаи саноатии «Хишти Тоҷикобод» дар деҳаи Нушори болои Ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир аст. Он соли 2010 аз тарафи соҳибкор Абдусамеъ Бухоров бунёд гардида, то соли 2016 фаъолият намуд.

Ба иттилои Абдусамеъ Бухоров, «онҳо барои насби таҷҳизоти зарурӣ дар корхона аз бонкҳо қарз гирифтанд, вале аз ҳисоби набудани мутахассис корхона аз фаъолият боз монд. Технологияи корхона аз таҷҳизоти соли 2010 насбкарда иборат буда, дар айни замон барои истеҳсоли хишти хушсифат корхона бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида нашудааст». Роҳбари корхона мегӯяд, ки талабот ба хишти пухта дар ноҳия зиёд аст ва ният доранд мутахассис ҷамъ намуда, фаъолиятро дубора оғоз кунанд.

Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои бунёди иншооти гуногун миллионҳо дона хишти пухта бо роҳкирои гарон аз корхонаҳои хишти пухтаи шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе ба ноҳияи Тоҷикобод ворид гардид. Агар роҳбарияти корхонаи саноатии «Хишти Тоҷикобод» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони варзида ва сармоягузории бештар корхонаи мазкурро пурра фаъол гардонанд, метавонанд дар оянда талаботи сокинони ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш ва ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Раштро пурра бо хишти пухта таъмин намоянд. Зимнан буҷети корхона аз ҳисоби фурӯши хишт ғанӣ гардида, сокинони маҳаллӣ низ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ноҳияи Тоҷикобод зиёда аз 25 коргоҳи саноатии хурду миёна ва коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, 24 нуқтаи савдо ва 40 нуқтаи хизматрасонӣ фаъолият менамоянд. Ин корхонаҳо сокинони ноҳияро бо хиштҳои сементӣ ва дару тирезаҳои чӯбию пластикӣ таъмин менамоянд.

Субҳониддини МАҲМУД, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"