Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри миллии Тоҷикистон Форуми дуюми зиддикоррупсионии Душанбе таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форум аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии аҳолӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Дар форум намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти зиддикоррупсонии 15 давлати ҷаҳон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.

Дар оғози форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки дар шароити таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият ва таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баргузории ин форум на танҳо зарурати рӯзмарра, балки василаи муҳим ва стратегиест, ки ба мо имкон медиҳад ба ҳадафҳои устувор ва дарозмуддати муқовимат ба коррупсия бирасем.

«Баргузории ин форум на танҳо арзёбии дастовардҳои мақомоти зиддикоррупсионӣ, балки майдони муҳими табодул, таҷрибаи пешрафта, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва дарёфти роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия дар шароити ҷаҳонӣ ва зиддикоррупсионӣ мебошад»,-гуфт Ҳоким Холиқзода.

Форум то охири рӯз идома ёфта, дар он масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар доираи се ҷаласаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"