Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Исҳоқ Дор, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика ва нақлиёту логистика аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад.
Ҷонибҳо зарурати андешидани тадбирҳои муштаракро ҷиҳати афзун намудани нишондиҳандаҳои савдои дуҷониба, таҳияи Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, рушди сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак муҳим арзёбӣ намуданд. Ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ ва густариши ҳамкории нақлиётиву тиҷоратӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм ва сайёҳӣ, инчунин мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои муосири амниятӣ баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот омодагии ҷонибҳо барои идомаи муколамаи сиёсӣ ва истифодаи имконоти мавҷуда барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон таъкид гардид.