Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид

АМИТ "Ховар" ·

РАШТ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳисоби Сарраёсати хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 40-уми Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт нақлиёти махсуси

РАШТ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳисоби Сарраёсати хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 40-уми Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт нақлиёти махсуси оташнишонӣ тақдим карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Нақлиёти мазкур дорои зарфи обғунҷоиши 20-тоннагӣ буда, бо таҷҳизоти зарурии оташнишонӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Он барои сари вақт пешгирӣ ва бартараф намудани ҳодисаҳои сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода дар ҳудуди шаҳраки Ғарм ва минтақаҳои атроф пешбинӣ шудааст.

Иброз гардид, ки таъмини сохторҳои соҳавӣ бо техника ва таҷҳизоти муосир қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори хизматрасонӣ, таъмини амнияти аҳолӣ ва ҳифзи моликияти шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Источник: АМИТ "Ховар"