Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
АМИТ "Ховар" ·
ВАРЗОБ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар »/. Дар деҳаи Варзоб – Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия.
Бунёди майдончаи варзишӣ дар деҳа ба рушди футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш мусоидат менамояд. Ҷавонони деҳа метавонанд дар шароити мусоид машқу тамрин намуда, барои мусобиқаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омодагӣ бинанд.
Зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ сокинон иброз доштанд, ки имрӯз барои мардуми деҳа рӯзи хотирмон мебошад. Чунки дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободкориҳои бесобиқа шоҳиди ба истифода додани боз як иншооти муҳими иҷтимоӣ – майдончаи муосири варзишӣ гардиданд. Бунёди ин иншоот барои рушди тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатии ҷавонон ва оммавигардонии варзиш нақши муҳим дорад.
Дар чорабинӣ нафароне, ки дар бунёди ин майдончаи варзишӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қадрдонӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб