Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», омӯзгорон, падару модарон ва намояндагони соҳаи маориф қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ғолибон, волидон ва омӯзгорони онҳоро барои ба даст овардани дастовардҳои намоён табрик гуфта, иброз намуд, ки «чунин дастовардҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи хонандагон, омӯзгорон ва дастгирии пайвастаи оилаву муассисаҳои таълимӣ мебошанд».
«Бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонию илмдӯстӣ натиҷаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат маҳсуб мешавад. Ин имконият, дастгирӣ ва ғамхориҳо наврасону ҷавононро водор месозанд, ки беш аз пеш ба хондани осори бузургон, андӯхтани дониш ва омӯзиши фанҳои дақиқ машғул шаванд»,-афзуд раиси ноҳия.
Истиқболи самимии ғолибон дар ноҳияи Ёвон аз таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳаи маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили босифат шаҳодат медиҳад.
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва кашфи истеъдодҳои нав, тақвияти тафаккури илмӣ, рушди қобилиятҳои эҷодиву ҳунарӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли наврасу ҷавон мусоидат менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу ҳунар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Тавассути баргузор намудани озмунҳо наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд тарбия мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон