Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа намояндагони расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Сардори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»–и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмумин Давлатзода дар ҷаласа оид ба таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон тавассути татбиқи тадбирҳои тодаъватӣ ва тарбияи ҳарбӣ–ватандӯстии наврасону ҷавонон, омодасозии мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва рушду нумуи намудҳои ҳарбӣ – амалӣ ва техникии варзиш ибрози андеша намуд.
Гуфта шуд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва иттиҳод бо дигар давлатҳое, ки ҳадафу манфиати муштарак доранд, метавон дар мубориза бо таҳдид ва хатарҳои замони муосир муваффақ гардид.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон