Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ ва кишоварзӣ идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ ва кишоварзӣ идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ муассисаи таълимии хусусии «Идрок» барои 480 хонанда бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ дорои ду ошёна буда, дар он 10 синфхонаи замонавӣ, ду лаборатория ва маҷлисгоҳ барои 240 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Ҳамчунин барои машғул шудан ба варзиш толори замонавӣ ва дар саҳни муассиса инфрасохтори зарурии соҳа муҳайё карда шудааст.

Бунёди чунин муассисаҳо дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсил ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин дар деҳаи Ободӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»  барои 150 кӯдак бунёд шуда, дорои шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Бунёд ва ба истифода додани чунин муассисаҳо дар деҳот барои дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои оилаҳо аҳамияти муҳим дорад.

Ноҳияи Шаҳристон яке аз минтақаҳои муҳими кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки имконоти  мавҷуда, иқлими мусоид ва заминҳои ҳосилхез имконият фароҳам меоранд, ки деҳқонон кишту парвариши намудҳои гуногуни зироати кишоварзиро амалӣ намуда, ҳосили фаровон ба даст оранд. Истифодаи самараноки замин, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат аз самтҳои муҳими фаъолияти кишоварзон мебошад.

Кишоварзони ноҳия бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути кофтани чоҳҳои амудӣ беш аз 200 гектар заминҳои лалмӣ ва бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намудаанд. Дар ин заминҳо, аз ҷумла картошка кишт намуда, ҳосили хуб ба даст меоранд. Имсол кишоварзони ноҳия дар беш аз 2 ҳазору 500 гектар картошка кишт намудаанд. Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон соли 2025 беш аз 70 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда буданд. Имсол тасмим гирифтаанд, ки ин нишондиҳанда ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расонида шавад.

Картошка аз ҷумлаи зироати муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли он барои таъмини бозори дохилӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Источник: АМИТ "Ховар"