ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Почта дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ ва тағйирёбии талаботи ҷомеа марҳилаи нави рушдро аз сар мегузаронад. Имрӯз он қисми муҳими низоми логистика, тиҷорати электронӣ, хизматрасониҳои молиявӣ

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Почта дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ ва тағйирёбии талаботи ҷомеа марҳилаи нави рушдро аз сар мегузаронад. Имрӯз он қисми муҳими низоми логистика, тиҷорати электронӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Аз соли 1969 инҷониб бо мақсади таъсиси Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта 9 октябр Рӯзи ҷаҳонии почта муқаррар карда шудааст. Ҳоло ин иттиҳод 192 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 аъзои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта мебошад.

Почта дар тамоми марҳилаҳои рушди ҷомеа яке аз воситаҳои муҳими пайвастани одамон, интиқоли иттилоот ва таҳкими робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, дар Тоҷикистон якумин нуқтаи хизматрасонии почта соли 1865 дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта, соли 1866 шоҳроҳи почтавии Хуҷанд–Тошканд ба фаъолият оғоз намуда, баъдан то Самарқанд идома ёфтааст. Соли 1924 дар Душанбе нахустин шуъбаи алоқаи статсионарӣ фаъол шуда, дар ҳамон сол 30 ҳазор мактуб қабул ва ирсол гардидааст. Соли 1935 дар Душанбе бинои марказии алоқа сохта шуд. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба ташаккули низоми мустақили почтавӣ шуруъ намуд. Соли 1996 соҳаи почта аз нав ташкил гардида, Департаменти давлатии «Почтаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд ва соли 1997 он ба Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» табдил ёфт.

Баъдан 25 сентябри соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик», «Алоқаи махсус» ва «Маркази марка» муттаҳид карда шуда, Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» Дилшод Музаффарзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки таҷдиди сохтори корхона барои муттаҳид намудани имконоти соҳа ва ташаккули муносибати ягона ба хизматрасониҳои почтавӣ, алоқаи махсус ва филателия заминаи нав фароҳам овард.

Ба иттилои ӯ, даромади корхона танҳо дар 9 моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 152,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат муросилоти содиротӣ 103 фоиз, муросилоти воридотӣ 136,5 фоиз ва муросилоти почтаи фаврии содиротию воридотӣ 103 фоизро ташкил додаанд.

Ҳамзамон обуна ба нашрияҳои даврӣ 108,5 фоиз, ирсоли маблағҳои дохилӣ 103 фоиз ва ирсоли маблағҳои байналмилалӣ 113 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар айни замон дар сохтори корхона 3 филиали вилоятӣ, 64 маркази почтаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва 470 шуъбаи почта фаъолият доранд.

«Шабакаи васеи почта ба мо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳоро на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар минтақаҳои дурдаст ва деҳот низ дастрас намоем. Мо ният дорем ин имкониятро бо амалӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ ва логистикӣ боз ҳам самаранок истифода барем», – иброз дошт Дилшод Музаффарзода.

Дар баробари рушди хизматрасониҳои почтавӣ маркаҳои почтавӣ низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти «Почтаи Тоҷикистон» ба ҳисоб мераванд. Маркаи почтавӣ дар назари аввал воситаи тасдиқи пардохти хизматрасонии почтавӣ мебошад, аммо дар асл метавонад хусусияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ дошта бошад.

Дар маркаҳо метавон симои шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳои меъморӣ, манзараҳои табиӣ, анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмӣ ва фарҳангӣ ва дигар арзишҳои миллӣ ва умумибашариро инъикос намуд. Маҳз ҳамин хусусияти марка имконият медиҳад, ки филателия ҳамчун воситаи муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бештар истифода шавад.

Аз ҷумла, соли равон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» дар доираи барориши якҷояи маъмурияти алоқаи давлатҳои аъзои Иттиҳод ба ифтихори 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа Маркаи почтавии бадеӣ ба муомилот бароварда шуд.

Нишони марказии тарҳи маркаи ҷашнӣ логотипи расмии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа буд. Марка дар нашриёти «Белорусский дом печати»-и Ҷумҳурии Беларус бо теъдоди 5 000 нусха ба чоп расида, арзиши номиналии он 20 сомониву 40 дирамро ташкил медиҳад. Махсус ба муносибати ин санаи муҳими ҷашнӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» инчунин лифофаҳои бадеӣ бо тасвир бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа бо теъдоди 2 000 нусха ва штемпели махсуси почтавӣ бо таърихи рӯзи муҳрзанӣ – 29 сентябри соли 2026 омода карда шуданд.

«Яке аз хусусияти муҳими марка он аст, ки маҳдудияти ҷуғрофӣ надорад. Марка метавонад тавассути як нома ё коллексияи филателистӣ ба кишвари дигар равад ва дар дасти шахсе қарор гирад, ки шояд ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон сафар накардааст. Аз ин рӯ, ҳар марка имкони муаррифии Тоҷикистонро дорад»,–афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дилшод Музаффарзода иттилоъ дод, ки барои рушди минбаъдаи корхона якчанд самти афзалиятнок муайян гардидааст. Аз ҷумла, рушди тиҷорати электронӣ, таъсиси платформаи миллии «Post Market», ташкили хизматрасонии фармоиш ва таҳвили мол, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳо, амалӣ намудани барномаи мобилӣ, пардохтҳои электронӣ ва ҳуҷҷатгузории рақамӣ аз ин ҷумла мебошанд.

Ҳамзамон рушди «Post Express» ва ташкили таҳвили босуръати дохилӣ бо низоми «24/48 соат», рушди содироти почтавӣ ва фароҳам намудани имконияти содироти маҳсулоти соҳибкорони Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ дар нақша мебошад.

Навсозии парки нақлиётӣ, истифодаи «GPS» ва идоракунии рақамии хатсайрҳо, рушди шабакаи почтаи деҳот, татбиқи хизматрасониҳои молиявӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳо ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ низ аз самтҳои муҳими корхона мебошанд.

«Ҳадафи мо то соли 2030 табдил додани «Почтаи Тоҷикистон» ба маркази миллии логистика, тиҷорати электронӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ мебошад», – изҳор дошт Дилшод Музаффарзода. Барои расидан ба ин ҳадаф ҷалби бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои логистика, тиҷорати электронӣ ва технологияҳои рақамӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии иқтисодии ҳар хизматрасонӣ, шуъба ва хатсайр муҳим мебошад.

Дар шароити муосир, ки технологияҳои рақамӣ, интернет, тиҷорати электронӣ ва воситаҳои нави иртиботӣ бо суръати баланд рушд мекунанд, низоми почта низ ба марҳилаи нави тағйироти сохторӣ ворид шудааст. Имрӯз почта ба низоми бисёрҷанба табдил ёфта, хизматрасониҳои логистикӣ, тиҷорати электронӣ, хизматрасониҳои молиявӣ, интиқоли байналмилалӣ, рақамикунонӣ, идоракунии занҷираи таъминот ва дигар самтҳои ба иқтисоди рақамӣ алоқамандро дар бар мегирад.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"