Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар роҳи мошингарди Душанбе–Чаноқ ҳамасола дар масофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд. Барои анҷоми ин кор беш аз 46 тонна ранги махсус истифода гардида, он бо техникаи муосир амалӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) иттилоъ доданд.
Навсозии аломатгузории уфуқӣ яке аз тадбирҳои муҳимми таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар ин масир мебошад. Хатҳои уфуқӣ самти ҳаракатро нишон дода, ҳудуди роҳро муайян ва ронандагонро аз маҳдудиятҳои ҳаракат огоҳ мекунанд. Ин аломатҳо махсусан дар қитъаҳои кӯҳӣ, гардишҳои пайдарпай ва мавзеъҳои дорои маҳдудияти дид аҳамияти калон доранд.
Бо мақсади нигоҳ доштани сифати аломатгузорӣ мутахассисони ширкат ҳолати хатҳоро мунтазам санҷида, қитъаҳои фарсуда ва камнамоиро муайян ва барқарор мекунанд. Ин тадбирҳо ба коҳиш додани хавфи садамаҳо, танзими ҳаракати нақлиёт ва ҳифзи ҷони ронандагону мусофирон мусоидат менамоянд.
АКС: Филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS)