Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаҳои муштараки Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), дар шаҳри Қазон
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаҳои муштараки Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), дар шаҳри Қазон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Прокурори генералии Федератсияи Русия Александр Гутсан баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар фазои эътимод ва муколамаи созанда ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ҳуқуқии дуҷонибаро, ки ба робитаҳои анъанавии дӯстӣ ва шарикии стратегӣ асос меёбанд, баррасӣ карданд.
Дар рафти музокирот ҳамчунин масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, истирдоди ҷинояткорон, инчунин тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, таҳдидҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Хусусан, масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқҳои қонунӣ, манфиатҳо ва кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Федератсияи Русия кору зиндагӣ менамоянд, инчунин механизмҳои вокуниши фаврӣ ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ муфассал баррасӣ шуданд.
Натиҷаи муҳимтарини музокирот баимзорасонии Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия гардид. Ин ҳуҷҷат афзалиятҳои асосии кори якҷояи мақомотҳоро дар оянда муайян хоҳад кард.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон