Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14–15 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 14–15 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» майдони васеи муколама, ҳамкорӣ ва муаррифии имконоти нави соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошад.
Барномаи форум самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва соҳибкории муосирро фаро гирифта, аз форуми давлат ва бахши хусусӣ, форуми сармояи венчурӣ, G10 Insight Forum 2026, чорабиниҳои параллелӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкории ватанӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ иборат мебошад.
Дар доираи форум намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон, институтҳои молиявӣ ва рушд, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, стартапҳо ва намояндагони экосистемаи венчурӣ барои баррасии имконияти нави сармоягузорӣ, инноватсия, технология, рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҳамкории нав ҷамъ меоянд.
Форум инчунин барои муколамаи мустақим, табодули таҷриба, муаррифии лоиҳаҳо, барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва шарикии дарозмуддат фазои мусоид фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон