Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Абу Забӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи ширкати аморотии «Tahaluf AI» Аҳмад
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Абу Забӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи ширкати аморотии «Tahaluf AI» Аҳмад Ал-Каабӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд .
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар самти технологияҳои пешрафта, зеҳни сунъӣ, табдилёбии рақамӣ, ҳукумати электронӣ, шаҳрҳои ҳушманд, ҳувияти рақамӣ ва бунёди махзанҳои додаҳои бузург табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро дар низоми фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар самтҳои иқтисодӣ, энергияи сабз, нақлиёт, инфрасохтор, саноат, маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ, муҳоҷират, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва рушди устувор муҳим арзёбӣ намуданд.