Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ, баргузории экспедитсияҳои муштараки бостоншиносӣ, омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо ва омода намудани мутахассисони ҷавон 9 октябр дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ, баргузории экспедитсияҳои муштараки бостоншиносӣ, омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо ва омода намудани мутахассисони ҷавон 9 октябр дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо гурӯҳи бостоншиносон аз давлатҳои Фаронса, Италия ва Русия баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода доир ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши таъриху тамаддуни тоҷикон, таҳқиқи ёдгориҳои бостонӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ сухан гуфта, густариши ҳамкории илмиро бо бостоншиносони хориҷӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Иброз гардид, ки таҳқиқоти бостоншиносӣ дар шинохти марҳалаҳои ташаккули тамаддун, омӯзиши тарзи зиндагии мардумони қадим ва муайян намудани робитаҳои фарҳангии халқҳо нақши муҳим дорад. Дар ин замина, ҳамкории олимони тоҷик бо муҳаққиқони хориҷӣ барои табодули таҷриба, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқот ва омӯзиши амиқи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон имконияти бештар фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии мавзеъҳои бостонӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Таваҷҷуҳи пайваста ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои густариши таҳқиқоти илмӣ, ҳифзи осори арзишманди ниёгон ва муаррифии мероси тамаддунии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сарзамини Тоҷикистон давоми таърихи чандинҳазорсола яке аз марказҳои ташаккул ва рушди тамаддун буда, мероси ғании таърихию фарҳангии он аз саҳми ниёгони тоҷикон дар пешрафти фарҳанги башарӣ шаҳодат медиҳад. Шаҳрҳои қадимӣ, шаҳракҳо, қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои бостонӣ бозгӯйи анъанаҳои давлатдорӣ, шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва робитаҳои фарҳангию тиҷоратии сокинони ин сарзамин мебошанд. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин осор барои равшан намудани саҳифаҳои таърих, шинохти дастовардҳои тамаддунии ниёгон ва муайян кардани ҷойгоҳи онҳо дар таърихи минтақа аҳаммияти махсус дорад.
Дар мулоқот ҳамчунин аҳаммияти табодули маълумоти илмӣ ва муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот тавассути нашрияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ таъкид гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон