Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Президенти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба тариқи маҷозӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ, инчунин роҳҳои густариши робитаҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба фаъолияти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар самти пешбурди арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ аҳаммияти хос зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон бо Шуро изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати истифодаи имконияти мавҷударо барои тавсеаи ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъкид карданд. Инчунин масъалаҳои таҳкими сулҳу субот, эътимоди байналмилалӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангии халқҳо ва густариши муколамаи созанда баррасӣ шуданд.

Дар ин робита нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии сулҳҷӯёна, аз ҷумла қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, таъкид карда шуд.

Иброз гардид, ки ҳадафу самтҳои фаъолияти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ бо вазифаҳои асосии Даҳсолаи мазкур ҳамоҳанг буда, ҳамкории муштарак метавонад ба пешбурд ва татбиқи байналмилалии ҳадафҳои он мусоидат намояд.

Гуфта шуд, ки моҳи майи соли 2027 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сатҳи баланд оид ба оғози татбиқи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» хоҳад буд.

Дар ин замина бо такя ба тавофуқоти қаблан ҳосилшуда масъалаи таъсиси Дафтари минтақавии Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда, баррасии масъалаҳои ташкилию муҳтавоии ташаббусҳои пешниҳодшуда ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ба хотири татбиқи онҳо изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"