Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷ умҳур ӣ , Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа натиҷаи санҷиш ва таҳлили ҳолати содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла ифротгароӣ дар байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар дар солҳои 2021–2025 ва роҳҳои пешгирии чунин ҳолатҳо, инчунин ҳолати ошкор, бақайдгирӣ, тафтиш ва натиҷаи баррасии судии ҷиноятҳои тавассути технологияҳои компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ содиргардида дар соли 2025 ва нимсолаи якуми соли 2026, роҳу усулҳои пешгирии онҳо баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа аъзои шурои ҳамоҳангсозӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои мобилӣ, провайдерони интернет, кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва сухан намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти рушди фазои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба интернет ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дастовардҳои назаррас ба амал омаданд. Ҳамзамон рушди босуръати технологияҳои рақамӣ дар баробари фароҳам овардани имконияти нав, хавфҳои марбут ба киберҷинояткорӣ, қаллобии интернетӣ ва тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро ба миён оварда, чунин ҷиноятҳо хусусияти фаромарзӣ ва сатҳи баланди ниҳонӣ касб карда истодаанд.

Дар ин замина масъалаи пешгирии қаллобии интернетӣ, ҳифзи маблағҳои шаҳрвандон аз тасарруф тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, баланд бардоштани амнияти иттилоотӣ ва пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути интернет мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳарчанд солҳои охир бақайдгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ тамоюли пастравӣ дорад, ҳолатҳои ҳамроҳшавии шаҳрвандон, ба хусус баъзе ҷавонон ва хонандагону донишҷӯён ба ташкилоти террористию экстремистӣ ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳои оморӣ ҳанӯз маънои пурра бартараф гардидани хавфу таҳдидҳоро надошта, тақозо менамояд, ки фаъолияти мақомоти дахлдор дар самти пешгирии чунин ҷиноятҳо пайваста тақвият дода шавад.

Самаранокии кофтукови шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ дар ҷустуҷӯ қарордошта ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Бо назардошти ин вазъ, зарурати тақвияти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, мубодилаи фаврии иттилоот ва ҳамкории байниидоравии мақомоти дахлдор таъкид гардид. Ҳамзамон муҳим шуморида шуд, ки сабабу шароити ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ дар ҳар ҳолати мушаххас мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, барои бартараф намудани омилҳои мусоидаткунанда ва пешгирии чунин зуҳурот, ба хусус дар байни наврасону ҷавонон тадбирҳои мушаххасу муассир андешида шаванд.

Дар ин раванд тақвияти ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо вазорату идораҳои марбута, ба хусус соҳаи маориф, инчунин бо падару модарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии ҷавонон, ташаккули тафаккури интиқодӣ, истифодаи бехатари интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамзамон пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ дар муҳити таълимӣ ва фазои маҷозӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми ҷаласа барои тақвияти муқовимат бо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, ба хусус аз тарафи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар, баланд бардоштани самаранокии ошкорсозӣ, бақайдгирӣ, тафтиш ва пешгирии киберҷиноятҳо, таҳкими амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маблағҳои шаҳрвандон, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор, густариши ҳамкории байниидоравӣ ва вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳию пешгирикунанда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"