Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиё, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Федератсияи Русия, инчунин Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти Ташкилоти патентии Авруосиё (ТПАО) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҳисоботи солонаи ташкилот барои соли 2025 ва лоиҳаи буҷети он барои соли 2027 муҳокима гардида, масъалаи пайвастани ин ташкилот ба Шартномаи Риёз оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи намунаҳои саноатӣ аз 22 ноябри соли 2024 баррасӣ шуд.

Ҳамчунин масъалаи тақдими медали тиллои ба номи В.И. Блинников «Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ», мақоми Ташкилоти патентии Авруосиё ҳамчун мақоми байналмилалии ҷустуҷӯӣ ва экспертизаи пешакии байналмилалӣ дар доираи Шартнома оид ба ҳамкории патентӣ ва интихоби раиси Шурои маъмурии ташкилот ва муовинони ӯ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷумҳурии Арманистон раиси нави Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё интихоб гардид. Ҳамчунин қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шурои маъмурии ташкилот соли 2027 дар шаҳри Москва баргузор шавад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»–и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"