Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар шаҳри Боку дар доираи Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Одил Каримлӣ вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон, густариши ҳамкории фарҳангӣ, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» аз 27 то 29 октябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир мегардад. Ин форум аз соли 2008 инҷониб ҳамчун минбари муҳими байналмилалӣ барои густариши муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ доир мегардад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон