Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
АМИТ "Ховар" · · g1796236
ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷинани музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи барномаи Лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай нахустин вохӯрӣ-шиносоии намояндагони ҷавонони давлатҳои иштирокдор баргузор гардид. Ба ҳайати
ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳ ри Ҷ инани музофоти Шандуни Ҷ ум ҳ урии Мардумии Чин дар доираи барномаи Лагери ҷ авонони Созмони ҳ амкории Шанхай нахустин вох ӯ рӣ-шиносоии намояндагони ҷ авонони давлатҳ ои иштирокдор баргузор гардид . Ба ҳ айати Ҷ ум ҳ урии То ҷ икистон намояндагони со ҳ а ҳ ои сиёсати давлатии ҷ авоно н, варзиш, фарҳ анг ва иттилоот дохил мебошанд . Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки ҳайатҳои миллии Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида, ба густариши ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва тақвияти муколамаи байнифарҳангии ҷавонон нигаронида шудааст.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳаммуассисони Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ, рушди ҳамкории бисёрҷониба ва татбиқи ташаббусҳои муштараки ҷавонони давлатҳои аъзои Созмон саҳм мегузорад. Бо шарофати сиёсати дурбинона, созанда ва ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки фаъоли ҷавонони мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии шоистаи давлату миллат, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо ҷавонони давлатҳои ҷаҳон шароити мусоид ва имконияти васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ самараи дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба насли ҷавон ва идомаи татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар самти рушди дипломатияи ҷавонон, таҳкими нуфузи байналмилалии мамлакат ва тавсеаи ҳамкории судманд бо шарикони хориҷӣ мебошад.
Дар доираи барномаи лагер, ки то 29 ноябр идома меёбад, намояндагони Тоҷикистон дар форумҳои байналмилалӣ, машғулияти омӯзишӣ, мулоқотҳои корӣ ва барномаҳои фарҳангӣ иштирок намуда, барои муаррифии дастовардҳои ҷавонони мамлакат, таҳкими робитаҳои дӯстона ва ташкили ташаббусҳои нави муштарак дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай саҳм мегузоранд.
АКС: Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон