ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷумлаи марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар мамлакат «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амал мекунад, ки яке аз ҳадафҳои асосии он васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбия ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа мебошад.
Бояд иброз намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ кӯдак на танҳо бо донишҳои аввалин шинос мешавад, балки нутқ, тафаккур, хотира, қобилияти эҷодӣ ва малакаҳои муоширати ӯ низ инкишоф меёбанд. Вале бархе волидон бар он назаранд, ки фарзандонашон дар боғча бештар ба тамошои филмҳои тасвирӣ ва бозии беҳуда машғуланд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ва фаҳмидани он ки машғулият дар боғча чӣ гуна баргузор мешавад ва кӯдакон рӯзи худро бо кадом фаъолият мегузаронанд, ба нақшаи кории яке аз мураббиён назар меандозем. Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №67-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маҳорат Абдуллозода иброз намуд, дар муассиса ҳар машғулият тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва бо назардошти синну соли кӯдакон гузаронида мешавад. Мақсад аз фаро гирифтани кӯдакон ба тарбияи томактабӣ ин ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон ба ҳисоб меравад. Зеро зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
«Барои бо шавқ гузаронидани машғулият бояд мураббӣ, пеш аз ҳама, кӯдаконро дӯст дорад, онҳоро дарк карда тавонад. Ҳангоми омода кардани машғулият ба синну сол ва қобилияти кӯдакон аҳаммият диҳад. Кӯшиш кунад, ки онҳо мавзуъро на танҳо шунаванд, балки бо иҷрои супоришҳо, бозӣ, суҳбат ва мушоҳида онро беҳтар дарк намоянд», — мегӯяд мураббӣ.
Омӯзиш аз шиносоӣ ва суҳбат оғоз меёбад
Маҳорат Абдуллозода иброз медорад, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти мураббӣ инкишофи нутқи кӯдакон мебошад. Дар рафти машғулият ба онҳо саволҳо пешниҳод гардида, барои мустақилона ҷавоб додан, фикри худро баён намудан ва бо ҳамсолон суҳбат кардан шароит фароҳам оварда мешавад.
«Мо ҳангоми машғулият бо истифода аз расмҳо, ашёи атроф, афсонаҳо ва ҳикояҳои кӯтоҳ диққати кӯдаконро ба мавзуъ ҷалб менамоем. Масалан, ҳангоми шиносоӣ бо табиат, ҳайвонот ё ашёи рӯзгор ба кӯдакон савол медиҳем, то онҳо нишонаҳо, хусусият ва фарқияти онҳоро муайян кунанд. Чунин усул ба ғанӣ гардидани захираи луғавӣ, дуруст баён кардани фикр ва инкишофи қобилияти мушоҳидакорӣ мусоидат мекунад», -иброз медорад мураббӣ.
Бозӣ- яке аз восита ҳо и муҳими таълим
Мураббӣ афзуд, ки дар синни томактабӣ бозӣ яке аз роҳҳои самараноки омӯзиш мебошад. Аз ин рӯ, дар машғулияти тарбиявӣ бозиҳои дидактикӣ, супоришҳои мантиқӣ ва машқҳои эҷодӣ истифода бурда мешаванд.
Кӯдакон тавассути бозӣ рангҳо, шаклҳо ва рақамҳоро мешиносанд, ашёро муқоиса мекунанд, гурӯҳбандӣ менамоянд ва робитаи байни ҳодисаҳоро мефаҳманд. Ҳамзамон онҳо риояи қоидаҳо, интизорӣ дар навбат ва ҳамкорӣ бо дигаронро меомӯзанд.
Ба андешаи мураббӣ, муҳим аст, ки ҳар кӯдак дар машғулият фаъолона иштирок кунад. Барои ин супоришҳо бояд гуногун, фаҳмо ва ба имконияти кӯдакон мувофиқ бошанд.
Инкишофи эҷодкорӣ ва малакаҳои амалӣ
Ба ақидаи мураббӣ Маҳорат Абдуллозода, расмкашӣ, рангкунӣ, сохтани шаклҳо ва кор бо маводи гуногун низ дар раванди таълиму тарбия мавқеи муҳим доранд. Ин фаъолият ба инкишофи ҳаракатҳои нозуки даст, диққат, завқи зебоипарастӣ ва қобилияти эҷодии кӯдакон мусоидат мекунанд.
«Ҳангоми иҷрои чунин супоришҳо мо ба кӯдакон тарзи дурусти истифодаи маводро мефаҳмонем, онҳоро ба тозагӣ ва эҳтиёткорӣ ҳидоят мекунад ва барои мустақилона иҷро намудани корҳо ташвиқ менамояд», -мегӯяд номбурда.
Тарбия аз хурдӣ оғоз мешавад
Дар баробари машғулияти таълимӣ ба тарбияи одобу ахлоқ ва ташаккули малакаҳои мустақилият низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Мураббӣ иброз медорад, ки кӯдакон ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, муносибати боэҳтиром бо калонсолон, дӯстӣ бо ҳамсолон ва эҳтиёт кардани ашёи умумӣ одат мекунанд.
Ҳадаф аз барномаҳои таълимӣ он аст, ки кӯдак на танҳо донишҳои аввалинро азхуд кунад, балки дар муносибат бо дигарон низ рафтори дуруст нишон диҳад.
Рӯзи кӯдак дар боғча аз якчанд фаъолияти ба ҳам алоқаманд иборат аст. Машғулияти таълимӣ, бозӣ, эҷодкорӣ, ҳаракат ва муошират барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдак замина мегузоранд. Нақши мураббӣ дар ин раванд аз он иборат аст, ки кӯдакон вақти худро дар муассисаҳо ҳам шавқовар ва ҳам муфид гузаронанд, қобилияту истеъдоди худро инкишоф диҳанд ва малакаҳои зарурии зиндагиро азхуд намоянд. Мураббӣ бояд бо муносибати ғамхорона ва истифодаи усулҳои мувофиқи таълим муҳити мусоиде фароҳам оварад, ки ҳар кӯдак фикри худро озодона баён карда тавонад ва бо шавқ дониш омӯзад.
АМИТ «Ховар» тасмим гирифтааст, ки таҳти рубрикаи «Як рӯз дар боғча» минбаъд оид ба машғулияти таълимӣ, бозӣ, эҷодкорӣ, ҳаракат ва муошират барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар боғчаҳо силсиламавод пешниҳод намояд.
Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»