Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо намояндагони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд, ки дар он ҳисоботи таҳлилӣ оид ба қонунгузорӣ ва иқтидори институтсионалии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба заминаи ҳуқуқӣ, иқтидори институтсионалӣ ва равандҳои фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ таҳти унвони «Таҳлили заминаи қонунгузорӣ, иқтидори институтсионалӣ ва равандҳои фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистон» ҳисоботи таҳлилӣ муаррифӣ гардида, ҷанбаҳои асосии он мавриди муҳокимаи техникӣ ва табодули назар қарор дода шуданд.
Иштирокдорон доир ба вазъи заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, имконияти таҳкими иқтидори институтсионалии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, инчунин такмили равандҳои фаъолияти онҳо мубодилаи афкор намуданд. Ҷонибҳо аҳаммияти таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ, муайян намудани имконияти мавҷуда ва баррасии самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи низоми худидоракунии маҳаллиро таъкид карданд.
Вохӯрӣ дар фазои тафоҳум ва ҳамкории созанда баргузор гардида, барои идомаи муколамаи судманд ва таҳкими ҳамкории минбаъда дар самти рушди маҳал замина фароҳам овард.
АКС: Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон