ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 ноябр дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бозии дуюми худро дар Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор мекунад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар гурӯҳи «F» рақиби дастаи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Хорватия хоҳад буд, ки дар оғози мусобиқа бо тими Сенегал мусовӣ (1:1) бозӣ кард.

Бозӣ дар майдони №9-и маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа соати 17:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол Ҷоми ҷаҳон-2026-ро муваффақона оғоз карда, дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ҳамсолони худ аз Кубаро бо ҳисоби 5:3 мағлуб намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"