Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1), ки моҳи апрели соли 2027 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зимни ҳамоиш дар Вашингтон
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1), ки моҳи апрели соли 2027 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зимни ҳамоиш дар Вашингтон баррасӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони ниҳодҳои давлатии Амрико ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии Тоҷикистонро барои мизбонии форум таъкид намуда, гуфт, ки он барои таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ аҳамияти калон дорад.
Дар доираи ҳамоиш самтҳои афзалиятноки Форуми Душанбе, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ, финтех, тиҷорати электронӣ ва маъданҳои стратегӣ муаррифӣ гардиданд.
Форуми B5+1 дар шаҳри Душанбе ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими шарикии иқтисодӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон