Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аз Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Роҳбарони ниҳодҳои мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил натиҷаҳои фаъолияти мақомоти кории шуроро дар самти рушди ҳамкории низомӣ бо ҳадафи таъмини амнияти авруосиёӣ ва суботи минтақавӣ, инчунин афзалияти асосӣ ва натиҷаҳои кори онҳоро барои соли 2026 баррасӣ намуданд. Масъалаҳои мудофиавӣ ва амниятӣ низ муҳокима карда шуданд.

Иброз гардид, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиши ҳарбӣ, такмили ташкили мусобиқаҳо оид ба намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои узви иттиҳод муҳим мебошад.

Пас аз ҷаласаи шуро барои фаъолияти густурда давоми солҳои 2026-2027 якчанд ҳуҷҷатҳои мувофиқашуда ба имзо расиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа вазирони мудофиаи Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, инчунин намояндагони Котиботи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"