Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» бо иштироки меҳмонони ин форум Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз хабар доданд, зимни конференсия масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳии устувор, рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ ва мероси фарҳангию табиӣ, истифодаи харитаҳо ва платформаҳои рақамӣ, инчунин татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла GIS, Big Data, IoT, воқеияти маҷозӣ ва афзуда, дар ҳифз ва муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин ба рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва фарҳангӣ, нақши ҷомеаҳои маҳаллӣ ва соҳибкорӣ дар беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои соҳавӣ ва дурнамои рушди сайёҳии устувор дар кишварҳои Роҳи Бузурги Абрешим таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда табодули афкор намуда, роҳҳои истифодаи технологияҳои инноватсионӣ барои муаррифии захираҳои сайёҳӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳистониро муҳокима карданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо барои густариши ҳамкории илмӣ ва байналмилалӣ, табодули таҷриба ва таҳияи пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати истифодаи технологияҳои рақамӣ дар рушди сайёҳии устувор, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистонии мамлакат мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки аз 13 октябр бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд дар мамлакат Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид. Форум то 18 октябр идома ёфта, дар маҷмуъ беш аз 20 чорабиниро фаро мегирад. Дар он 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ аз 60 кишвари олам иштирок доранд.

Дар доираи Форуми байналмилалӣ инчунин баргузории конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Источник: АМИТ "Ховар"