ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Форум бо мақсади таҳкими
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум бо мақсади таҳкими ҳамкории байнишаҳрӣ, рушди сайёҳии устувор, муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам баргузор карда шуд. Дар кори он намояндагони бародаршаҳрҳо ва шарикон, созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ, Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ иброз намуд, ки имрӯз рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани заминаҳои мусоид ба хотири рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имконоти табиӣ, таърихию фарҳангии мамлакат ва ҷалби бештари сайёҳон нақши муҳим дорад.
«Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат ва маркази сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар татбиқи ин ҳадафҳо нақши муҳим дошта, бо ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба майдони муносиб барои рушди сайёҳии шаҳрӣ ва баргузории чорабиниҳои байналмилалии соҳавӣ табдил ёфтааст. Маҳз дар ҳамин замина имрӯз мо дар Душанбе дар атрофи мавзуи муҳим – «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор» ҷамъ омадаем», — афзуд Бахтиёр Шарифӣ.
Тазаккур дода шуд, ки шаҳри Душанбе солҳои охир бо такя ба сиёсати созандаву бунёдкорона ва ташаббусҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи нави рушди шаҳрсозӣ ва инфрасохториро аз сар мегузаронад. Имрӯз Душанбе на танҳо маркази сиёсиву маъмурии мамлакат, балки яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ, сайёҳӣ, иқтисодӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Иброз гардид, ки рушди меъмории муосир, бунёди маҷмааҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишӣ, роҳҳо ва инфрасохтори муосири шаҳрӣ барои фароҳам овардани муҳити муносиб барои сокинон ва меҳмонон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар пойтахт имрӯз 54 меҳмонхонаи гуногунсатҳ фаъолият намуда, 12 ҳазору 800 адад нақлиёти мусофирбар ва кироякаш ба сокинон, меҳмонон ва сайёҳон хизмат мерасонанд. Душанбе ҳамчунин дорои 13 осорхона, 17 китобхона, 23 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, 61 боғу гулгашт, аз ҷумла 17 боғи замонавӣ, инчунин садҳо майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона мебошад. Ҳамаи ин имконот дар маҷмуъ муҳити мусоиди шаҳриро барои рушди сайёҳӣ ва истироҳат фароҳам меоранд.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода изҳор дошт, ки дар заминаи ҳамкории шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо муносибатҳои дипломатӣ тақвият ёфта, робитаҳои нав барои рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, илмиву гуманитарӣ ба вуҷуд омаданд. Душанбе имрӯз на танҳо пойтахти Тоҷикистон, балки майдони муколамаи созанда ва ҳакории байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ ба шумор меравад.
Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода иброз дошт, ки имрӯз дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ зиёда аз 35 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Онҳо барои тақвияти робитаҳои байниидоравӣ, табодули таҷриба, рушди ҳамкории тиҷоратӣ ва татбиқи ҳадафҳои муштарак дар соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
«Имрӯз сайёҳӣ омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисоди миллӣ буда, воситаи хуби тарбияи ҷавонон дар руҳияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, эҳё ва оммавӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостониву асил пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ҷалб менамояд. Ҳамин аст, ки соли 2025 беш аз 1,8 миллион сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд», -гуфт муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода дар форум.
Зимни форум масъалаҳои марбут ба нақши захираҳои сайёҳӣ дар рушди босуботи иқтисодиёт, рушди самараноки сайёҳии фарҳангӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ, иқтисоди рақамӣ ва ташаккули экосистемаи муосири хизматрасониҳои сайёҳӣ, имконият ва дурнамои рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон иштирокчиёни форум масъалаҳои марбут ба ҳамгироии шаҳрҳои минтақа ҳамчун омили рушди устувори сайёҳӣ, рушди ҳамкории байнишаҳрӣ дар ташкили масирҳои ягонаи туристӣ, сайёҳии минтақавӣ ҳамчун омили ҳамгироии иқтисодӣ, нақши шаҳрҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконоти сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳиро муҳокима намуданд.
Дар ҷараёни форум доир ба истифодаи самараноки имконоти шаҳрҳо барои рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкории минтақавӣ ва байнишаҳрӣ, ташкили масирҳои муштараки сайёҳӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ ҳамкории зичи шаҳрҳо, мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ барои ташаккули маҳсулоти рақобатпазири сайёҳӣ, тавсеаи инфрасохтор ва ҷалби бештари сайёҳон аҳамияти муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи форум аз 24 то 26 сентябр «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» («Dushanbe International Tourism Exhibition-2026») баргузор мегардад.
Дар намоишгоҳ имконоти сайёҳии Тоҷикистон, ба хусус шаҳри Душанбе, маҳсулоту хизматрасониҳои ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва нақлиётӣ, муассисаҳои фарҳангиву таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Намоишгоҳ то 26 сентябр идома ёфта, дар доираи он барои намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дарсҳои маҳорат доир ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ баргузор карда мешаванд.
Инчунин меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни чорабиниҳо зимни сайри шомгоҳӣ бо имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе шинос гардида, мазеъҳои сайёҳии пойтахтро тамошо менамоянд.
Бояд иброз намуд, ки чунин ҳамоишҳо барои мубодилаи таҷриба, баррасии имконоти нави ҳамкорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки рушди сайёҳии устувор заминаи муносиб фароҳам меоранд.
Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»