Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Исломобод бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид. Тавре
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Исломобод бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Покистон, ҳайати намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятии кишвари иқомат, инчунин дигар меҳмонони воломақом иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода аҳаммияти Истиқлоли давлатиро ҳамчун дастоварди муҳими таърихии мардуми Тоҷикистон таъкид кард. Гуфта шуд, ки дар даврони истиқлол таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, рушди устувори мамлакат ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Таъкид гардид, ки маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, то Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги ғанӣ ва ҳадафҳои созанда мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, дар пешбурди ташаббусҳои муҳимми байналмилалӣ саҳми арзанда гузорад.
Дар идома Вазири федаралии банақшагирӣ, рушд ва ташаббусҳои махсуси Ҷумҳурии Исломии Покистон Аҳсан Иқбол аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани табрикотӣ изҳор намуд. Зимни суханронӣ аҳаммияти муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Покистон, инчунин шарикии стратегии ду мамлакат таъкид гардида, изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.
Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки гурӯҳи ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳунармандон суруду мусиқӣ ва рақсҳои миллии тоҷикиро иҷро намуда, ба меҳмонон намунаҳои фарҳанги ғанӣ ва мероси маънавии мардуми тоҷикро муаррифӣ карданд.
Яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ намоишгоҳи мардумшиносии Тоҷикистон буд, ки дар он намунаҳои фарҳанги моддӣ ва суннатҳои миллии тоҷикон ба маъраз гузошта шуданд. Меҳмонон имкон пайдо карданд, ки бо унсурҳои гуногуни фарҳанги миллӣ ва мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ гӯшаи махсуси сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардида, имконияти сайёҳӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор, кӯҳҳо ва дигар захираҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ гардиданд.
Бо мақсади муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таъриху фарҳанги тоҷик дар маҳалли баргузории чорабинӣ муҷассамаҳо ва тасвирҳои шахсиятҳои маъруф ва фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҷойгир карда шуданд. Ин бахш ба меҳмонон имконият дод, ки бо саҳми шахсиятҳои барҷастаи тоҷик дар рушди илму адаб, фарҳанг ва тамаддуни минтақа бештар шинос шаванд.
Зимни чорабинӣ инчунин намоиши таомҳои суннатии тоҷикӣ ташкил гардида, меҳмонон бо намунаҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва фарҳанги меҳмоннавозии мардуми тоҷик шинос шуданд.
Барои меҳмонон инчунин гӯшаҳои махсуси аксбардорӣ бо истифода аз рамзҳо ва унсурҳои миллии Тоҷикистон омода гардида буданд. Ин ташаббус ба меҳмонон имкон дод, ки лаҳзаҳои хотирмони иштирок дар чорабинии ҷашниро сабт намоянд.
Ҳамзамон намоишгоҳи аксҳо, ки ба мавзуъҳои гуногуни марбут ба Тоҷикистон бахшида шуда буд, доир гардид. Дар он табиати Тоҷикистон, мероси таърихию фарҳангӣ, ҳаёти ҷомеа ва дигар паҳлуҳои кишвар тавассути осори санъати тасвирӣ муаррифӣ гардиданд.
Чорабини фарҳангӣ дар воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат ба таври васеъ инъикос гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон