ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, сешанбе, 321-умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

17 ноябри соли 2014 таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми шуро баргузор гардид.

***

9 сол пеш, 17 ноябри соли 2017 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот намуданд.

***

17 ноябри соли 2018 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» суханронӣ намуданд.

***

17 ноябри соли 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

***

17 ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва 4 муассисаи таҳсилоти умумиро ифтитоҳ намуданд.

17 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии донишҷӯён.

***

Рӯзи ҷаҳонии кӯдакони бармаҳал таваллудшуда

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи истиқлол.

***

Дар Арманистон – Рӯзи духтурони ҳарбӣ.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи кино.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2004 дар шаҳри Душанбе амфитеар ба истифода дода шуд.

***

17 ноябри соли 2009 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи ҷаҳонии интернет боз як навоварии муҳим ворид гардид. Акнун маводи заруриро аз ин сомона метавон тавассути харитаи интерактивии Тоҷикистон пайдо намуд.

***

17 ноябри соли 2020 байни Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Korean Smart Technology Association»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 варзишгари тоҷик, ноиби президенти Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон Бахтиёр Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ду медал — 1 тилло ва 1 нуқра ба даст овард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1869 маросими ботантанаи кушодашавии канали дар ҷаҳон машҳури Суетс баргузор гардид.

***

Соли 1893 дар натиҷаи заминларза шаҳри Кучани Туркманистон пурра хароб гардида, зиёда аз 18 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Соли 1964 Британияи Кабир дар бораи манъи содироти яроқ ба Африқои Ҷанубӣ изҳор кард.

***

Соли 1966 Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорати байналмилалӣ (ЮНСИТРАЛ) таъсис дода шуд.

***

Соли 1971 дар Ирландияи Шимолӣ табаддулоти ҳарбӣ доир гардид.

***

Соли 1988 Беназир Буҳутто сарвазири Покистон таъйин гардид. Вай авалин зане буд, ки раисии ҳукумати кишвари мусулмониро ба уҳда гирифт.

Источник: АМИТ "Ховар"