ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шу…

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 октябр дар мамлакат Рӯзи иттифоқҳои касаба муқаррар гардидааст.

–Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода иттилоъ дод, ба ҳолати 1 сентябри соли 2026 дар миқёси ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 394 ҳазору 3 субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 36 ҳазору 649 адад корхонаҳо, муасиссаҳо ва ташкилот, 41 ҳазору 401 адад тавассути шаҳодатнома, 71 ҳазору 695 адад ба тариқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 60 ҳазору 740 адад ба тариқи патент амалкунанда ва 183 ҳазору 518 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Ба ҳолати 1 сентябри соли 2026, шумораи умумии аъзо ба 881 ҳазору 638 нафар расид, ки дар 13 ҳазору 641 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид шудаанд. Нисбат ба соли 2025 шумораи аъзо 25 ҳазору 616 нафар ва теъдоди ташкилоти ибтидоӣ 395 адад афзоиш ёфтааст.

«Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодию иҷтимоии кормандон, ҳифз ва бехатарии меҳнат, риояи талаботи Кодекси меҳнат, иҷрои бандҳои Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026, иҷрои бандҳои барномаҳои рушди бозори меҳнат, меҳнати арзанда ва паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ самтҳои муҳими фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд»,–афзуд ҳамсуҳбати мо.

Барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриро дар самти ташкил ва баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон танзим ва амалӣ намуд.

Исмоил Файзизода изҳор дошт, ки соли равон аз ҷониби федератсия Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон-2026» таъсис дода шуд. Дар доираи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 25 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода карда шуд. Ҳар басти истироҳат дар лагерҳои беруназшаҳрӣ на камтар аз 12 рӯзро ташкил дод. Ҳамаи лагерҳо бо коллективи педагогӣ, мураббиён, кормандони тарбияи ҷисмонӣ, ошпазон, кормандони хоҷагидорӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ (бо мутахассисон ва маводи доруворӣ) пурра таъмин гардиданд.

Тибқи иттилои ҳамсуҳбати мо, дар мавсими тобистони имсола аз ҷониби 14 ташкилоти аъзои федератсия ва 3 Шурои вилоятии иттифоқҳои касаба аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, маблағҳои 1,5%-аи корхонаҳо, буҷети иттифоқҳои касаба, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва волидайн кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, болаёқат, фарзандони кишоварзон ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта шуданд.

Аз ҷумла, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор, Роғун, Фархор, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Темурмалик, Балҷувон, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Ёвон, шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе, кӯдакони ятими собиқ кормандони мақомоти қудратӣ (ки ҳангоми иҷрои вазифа ҳалок шудаанд) ва фарзандони бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти сарпарастии федератсия ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

«Бо истифода аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 4938 нафар кӯдакону наврасон ба чорабиниҳои солимгардонӣ ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ 3652 кӯдак ва аз ҳисоби маблағҳои 1,5% ва буҷети иттифоқҳои касаба 1286 роҳхат харидорӣ ва ба кӯдакон дастрас гардид»,–изҳор дошт Исмоил Файзизода.

Мавсими солимгардонии имсола имкон дод, ки қишрҳои ниёзманди ҷомеа, хусусан ятимону бепарасторон ва кӯдакони оилаҳои камбизоат ба фароғати босифат фаро гирифта шаванд.

Ҳамзамон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо» дар 9 моҳи соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии 1,5-фоиза 15 ҳазору 311 роҳхат ба маблағи 32 миллиону 434 ҳазору 829 сомонӣ ба кормандон – аъзои иттифоқи касаба барои табобат ва барқарор намудани саломатӣ дар осоишгоҳ ва санаторияҳои ҷумҳурӣ ҷудо гардид.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Иттифоқҳои касаба тавонист, ки самти дигари фаъолияташро бо Ташкилоти байналмилалӣ давом диҳад. Аз соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мебошад.

Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.

Дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат нақши иттифоқҳои касаба хеле назаррас мебошад. Имрӯз иттифоқҳои касаба дар асоси имконияти нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамоянд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ин иттифоқ амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ дар самти риоя ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва аҳли оилаи онҳо, бархурдор гардидани кормандон аз ваколатҳои иҷтимоӣ, ки онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мебошад.

Ёдовар мешавем, ки рисолати Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар корманд мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"