Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» доир мегардад. Дар ин хусус 22 октябр зимни баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» иттилоъ дода шуд.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанию хориҷӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ташкил карда мешавад.

Намоишгоҳ барои дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва густариши робитаҳои иқтисодӣ имконияти мусоид фароҳам меорад. Ташкили ин намоишгоҳ ба рушди бозори дохилӣ, ҷалби технологияҳои нав ва муаррифии иқтидори иқтисодию истеҳсолии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"