Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Душанбе муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо сардори Раёсати Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюланн

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Душанбе муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо сардори Раёсати Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюланн ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреа Бахер мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла рушди устувор, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, соҳаи тандурустӣ, идоракунии молияи давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон барои таҳкими ҳамкории судманд ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"