Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин аҳаммияти таҳкими сулҳу субот, бисёрҷонибагароӣ ва нақши марказии Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ таъкид намуда, дар ин росто аз ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036 ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки соли 2027 Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди тамаддунҳои Созмони Милали Муттаҳид, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои ҷавонон, дигар сохторҳои марбутаи Созмон ва шарикони байналмилалӣ конфронси байналмилалии сатҳи баландро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда баргузор менамояд.

Ҳамчунин роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаҳонии об, омодагӣ ба Конфронси оби СММ -2028 дар Душанбе, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, рушди зеҳни сунъӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният ва ғайра таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ ҳамчунин мавқеи Тоҷикистонро оид ба ҳалли осоиштаи низоъҳо, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ва зарурати ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид манзур  намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ инчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши фаъоли Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва саҳми ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар амри мусоидат ба ҳалли хатарҳои глобалӣ ҷалб намуд. Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир Тоҷикистон якчанд ташаббусҳои байналмилалиро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор, таҳкими сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ, инчунин пешгирии таҳдиду хатарҳои зуҳуркунанда ба роҳ мондааст. Илова гардид, ки тавассути ин ташаббусҳо Тоҷикистон ба таҳкими ҳамбастагии байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкории бисёрҷониба ва ҳавасмандсозии амалҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти глобалии ҷомеаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"