ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" · · g1221874
2 ноябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вақти Шурои кантонҳои Парламенти Швейтсария Ҳанс Алтер доир ба ҳамгироӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд доир шуд.
***
13 сол пеш, 2 ноябри соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум фармон ба имзо расониданд.
***
2 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба пойдории сулҳу субот, фароҳам овардани шароит барои пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бохтар-шифер»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
2 ноябри соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуйро ба ҳузур пазируфтанд.
2 НОЯБР:
Дар Беларус — Рӯзи ёдоварӣ.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони соҳаи фарҳанг.
РӮЙДОДҲО:
2 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни Тоҷикистон ва 12 ташкилоти донорӣ стратегияи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид.
***
Соли 2017 Душанбе ва Ашқобод аҳди бародарӣ бастанд. Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқободро Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд.
***
2 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1903 аввалин шумораи рӯзномаи англисии «The Daily Mirror» нашр шудааст.
***
Соли 1940 дар Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ рутбаи сержанти хурд ҷорӣ карда шуд.
***
Соли 1953 дар Покистон Ассамблеяи конститутсионӣ дар бораи эълон кардани Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор қабул кард.
***
Соли 1978 Ҷумҳурии Доминикан истиқлолияти комил ба даст овард.
***
Соли 2004 дар Арабистони Саудӣ аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон баландтарин масҷиди 180-метра дар 77-ум ошёнаи бурҷи Эр-Риёд сохта шуда буд.