Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов роҳгардӣ ва машқи умумии пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ равона шуда, дар заминаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш доир гардид. Ҳозирин дар фазои дӯстона машқҳои гуногуни ҷисмониро анҷом доданд.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ ва роҳгардӣ аз роҳҳои муҳими нигоҳ доштани саломатӣ, баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ ва ташаккули одатҳои солим ба шумор мераванд. Чунин чорабинӣ инчунин ба баланд бардоштани рӯҳия, таҳкими интизом ва ҷалби аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.
Омӯзгорону кормандони донишкада бо иштироки фаъолона дар ин иқдом аҳаммияти варзишро ҳамчун ҷузъи муҳими ҳаёти солим таъкид намуданд.
АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов