ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

27 октябри соли 1932 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнон ташкил карда шуданд.

***

27 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди «Шаҳристон» ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ онро ифтитоҳ намуданд.

***

27 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди истифода қарор гирифт.

***

27 октябри соли 2014 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Кохи Сомон» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти зиёди ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф оварда, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуданд.

***

27 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати кимиё»-ро пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супориданд.

***

27 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.

27 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.

***

Дар Алҷазоир — Рӯзи ниҳолшинонӣ.

***

Дар Туркманистон — Рӯзи Истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

27 октябри соли 1492 Христофор Колумб Кубаро кашф намуд.

***

Соли 1829 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аробачаи кӯдакона патент карда шуд.

***

27 октябри 1873 фермери амрикоӣ Ҷозеф Глидден барои ихтирои сими хордор патент гирифт.

***

27 октябри соли 1867 нависанда Лев Толстой романи «Ҷанг ва сулҳ»-ро ба итмом расонд.

***

Дар ин рӯзи соли 1925 ихтироъкори амрикоӣ Фред Уоллер аввалин лижаҳои обиро ба қайд гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 1951 нахустин маротиба дар ҷаҳон зимни табобати бемории саратон аз радиатсия истифода карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши аксҳои «Дастовардҳои Душанбе» баргузор гардид.

***

Соли 1982 Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон кард, ки шумораи аҳолияш ба 1 миллиард нафар расид.

Источник: АМИТ "Ховар"