Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ»- таҳти ин унвон 3 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар конференсия намояндагон аз Суди конститутсионӣ, мақомоти прокуратура, олимону муҳаққиқон аз Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба мавзуи конференсия маъруза ва мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҳамоиш нақш ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, ҷойгоҳи меъёрҳои конститутсионӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, асосҳои конститутсионии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, асосҳои конститутсионии ташаккул ва татбиқи сиёсати молиявии давлат баррасӣ карда шуданд.

Иброз гардид, ки дар шароити рушди низоми давлатдорӣ ва такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи асосии ташаккул ва фаъолияти низоми идоракунии давлатӣ, муайян намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва танзими муносибатҳои байни давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳо оид ба татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ дорои аҳамияти хоси илмӣ ва амалӣ мебошад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"