Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ (Global AI and Digital Summit 2026) дар Ҷумҳурии Корея мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва Бонки Исломии Рушд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Агентӣ иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, инфрасохтори рақамӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ, баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои рақамиро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таъмини амнияти кӯдакон дар муҳити рақамӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар фазои маҷозӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии кӯдакону наврасон, пешгирии таҳдидҳои киберӣ ва ташаккули муҳити бехатару фарогири рақамӣ равона гардид.
Рушди инфрасохтори муосири рақамӣ, истифодаи самараноки имконияти зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти рақамӣ аз самтҳои муҳими пешбурди раванди табдили рақамӣ буда, барои фароҳам овардани имконоти баробар, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим доранд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон