Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилонаи
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамчун арзиши тамаддунӣ ва заминаи рушди устувор дар минтақаи Осиё қабул гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Қатънома бо ибтикори Тоҷикистон, бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим таҳия шуда, аз ҷониби давлатҳои иштирокдори ҷаласа бо иттифоқи оро қабул гардид. Дар санад об на танҳо ҳамчун манбаи ҳаёт, балки чун арзиши муҳими маънавӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ, унсури ҷудонашавандаи муносибати инсон бо табиат ва заминаи ҳамзистии устувори ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Қатънома ба зарурати ташаккули «фарҳанги об» ҳамчун ҷузъи сиёсати давлатӣ ва маърифати ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дода, кишварҳои аъзоро ба таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавии маърифатӣ оид ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи об даъват менамояд.
Дар ин замина, ворид намудани арзишҳои фарҳанги истифодаи оқилонаи об ба низоми маориф, аз ҷумла барномаҳои мактабӣ ва донишгоҳӣ, инчунин густариши чорабиниҳои маърифатӣ, форумҳо ва барномаҳои омӯзишӣ пешниҳод шудааст. Дар ҳуҷҷат нақши ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули муносибати масъулона ба захираҳои об муҳим арзёбӣ гардида, ба рушди ҳамкории донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ дар самти об ва муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Қатънома ҳамчунин ба ҳифзи манбаъҳои оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо ҳамчун бахши муҳими мероси табиӣ ва фарҳангии наслҳои имрӯз ва оянда таваҷҷуҳ намуда, тақвияти ҳамкории минтақавиро дар ин самт ҷонибдорӣ мекунад.
Дар санад ташаббусҳои Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла «Раванди оби Душанбе» ҳамчун заминаи муҳим барои рушди муколама ва ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои об дарҷ шудаанд.
Қабули ин санад дар Душанбе ба таҳкими муносибати фарҳангӣ ва маърифатӣ ба захираҳои об ва густариши ҳамкории кишварҳои Осиё дар роҳи ташаккули фарҳанги истифодаи оқилона ва устувори об равона шудааст.
Натиҷаҳои татбиқи муқаррароти қатънома дар ҷаласаҳои минбаъдаи Ассамблеяи парлумонии Осиё баррасӣ карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»