Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026», ки дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, нахустин бозиро анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар бозии аввал футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ рақобат карда, вохӯриро бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расониданд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур боз ду рақобати дигар анҷом медиҳад. 14 ноябр дастаи мо бо дастаи мунтахаби Чин ва 17 ноябр бо ҳамсолонашон аз Ветнам рақобат мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"