Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли моҳӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5,6 фоиз зиёд шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли табиӣ, 8 обанбор ва 462 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 45 870 гектар, аз ҷумла 42 931 гектар обанбор ва 2 939 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд буда, барои парвариш ва истеҳсоли моҳӣ самаранок истифода бурда мешаванд.

Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои рушди соҳа истеҳсоли моҳии молӣ ба 3276 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин нуҳ моҳи соли равон аз мамлакат ба хориҷ 53 тонна моҳӣ содирот гардидааст.

Моҳипарварӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, сол ба сол таваҷҷуҳ ба он зиёд мешавад. Дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон имтиёзҳо амалӣ гардиданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо истеҳсоли саршумори моҳӣ нисбат ба соли 1991 2,2 ҳазор тонна ё 1,7 маротиба зиёд мебошад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ ва шароити мусоиди иқлимӣ мебошад, ки имкон медиҳад намудҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шаванд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ моҳиҳои гармидӯст ва хунукидӯст, аз ҷумла амури сафед, пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва гулмоҳӣ парвариш карда мешаванд.

Тибқи таҳлилҳои олимон, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошанд. Дар дарёҳои кӯҳӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ ва дигар намудҳоро метавон вохӯрд. Сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст. Ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хуштаъм мешавад. Таъми моҳӣ бевосита ба таркиби об ва муҳити зисти он вобаста аст.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол нуҳ килограммро ташкил медиҳад.

Мутахассисон иброз медоранд, ки Тоҷикистон имконияти истеҳсоли зиёди моҳиро дорад, зеро иқлим, ҳаво ва чашмаю обҳои ширини мамлакат барои рушди моҳипарварӣ созгор мебошанд.

Дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа заминаи мустаҳкам фароҳам овардаанд. Инчунин пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои воридоти хӯроки моҳӣ ва технологияҳои муосир ба соҳибкорон такони ҷиддӣ дод. Бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба тасвиб расид.

Инчунин 29 августи соли 2025 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯй ва ҳаҷми молу маводи бевосита барои субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво вобаста ба эҳтиёҷоти худии онҳо бо назардошти ҳаҷми истеҳсоли мол дар соли 2025 воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд» ба имзо расид.

Дар Тоҷикистон 27 корхона ба истеҳсоли хӯроки моҳӣ машғул буда, аз 25 то 35 фоизи хоҷагиҳои моҳипарвариро бо хӯрок таъмин менамоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"