Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Абу Аманӣ мулоқот намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Абу Аманӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034, омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2028 дар Душанбе ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои об, пиряхҳо ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба иштироки ЮНЕСКО дар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» мубодилаи назар карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон