ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, шанбе, 311-умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

7 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин масоили васеи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

7 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Фаронса мулоқот намуданд.

***

7 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар доираи иҷлосияи бистуҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи конфронс бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио, Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарек, Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ, Сарвазири Подшоҳии Нидерланд Марк Рутте, Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо, Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс ва Президенти Ҷумҳурии Кения Уилям Рутто мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд. Сарвари давлат дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли армстронг, корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гаҷ», корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон»-ро ба истифода доданд. Сарвари давлат дар шаҳри Левакант Парки инноватсионии саноатию технологӣ, дар ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди истифода қарор доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро ба истифода доданд.

7 НОЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии мардон

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи театри тоҷик.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи иттилоот ва матбуот.

***

Дар Русия – Рӯзи инқилоби октябр.

РӮЙДОДҲО:

7 ноябри соли 1929 аввалин театри касбии тоҷик – ҳоло Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.

***

7 ноябри соли 1959 студияи телевизионии Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

***

7 ноябри соли 2011 навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Узбекистон расман оғоз ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он ба имзо расид.

***

7 ноябри соли 2018 масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1931 агентии иттилоотии «Хитойи сурх» (ҳоло «Синхуа») таъсис дода шуд.

***

Соли 1941 дар Майдони сурх паради қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ баргузор гардид.

***

Соли 1994 Кореяи Ҷанубӣ манъи муносибатҳои тиҷоратиро бо Кореяи Шимолӣ бекор намуд.

***

Соли 1951 дар Киев аввалин маркази телевизионии Украина ба кор даромад.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Воҳид Асрорӣ —соли 1917- фолклоршинос, адабиётшинос, шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Доктори илми филология (1969), профессор (1970), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1977), аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1975).

Источник: АМИТ "Ховар"