Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд

АМИТ "Ховар" · · g524901

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Москва зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Интер РАО» Сергей Дрегвал масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» муҳокима гардида, ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди минбаъдаи он мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ баррасӣ гардид.

Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими робитаҳои мутақобили судманд дар соҳаи энергетика изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"