Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Хуҷанд» таҳти роҳбарии мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, бори шашум дар таърихи худ соҳиби ин ҷоизаи фахрӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, қаблан дастаи «Хуҷанд» солҳои 1997/1998, инчунин солҳои 2002, 2008, 2017 ва 2021 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд.

Барои пирӯзӣ дар Ҷоми Тоҷикистон-2026 даста бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардида, роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2027/2028- ро низ ба даст овард.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"