Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Тотористон Алексей Песошин ва ҳамроҳонаш, ки бо сафар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бо мақсади шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёд, мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои таърихии
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Тотористон Алексей Песошин ва ҳамроҳонаш, ки бо сафар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бо мақсади шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёд, мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои таърихии халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни боздид барои меҳмонон сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд. Меҳмонон аз толорҳои гуногуни намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, ба онҳо намунаҳои нодири мероси таърихиву фарҳангӣ, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, ёдгориҳои нодири моддӣ ва дигар осори гаронбаҳои таърихи халқи тоҷик муаррифӣ гардид.
Меҳмонон ҳамчунин бо марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, дастовардҳои фарҳангию илмӣ ва саҳми халқи тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аз наздик шинос гардиданд. Баъди дидани толорҳои намоишӣ меҳмонон оид ба таърихи чандҳазорсолаи миллат ва фарҳанги ғановатманди тоҷикон маълумот пайдо намуданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон Алексей Песошин аз сатҳи баланди ташкил ва муҳтавои ғании намоишгоҳҳои Осорхонаи миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таассуроти неки худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон