Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Фархор» фаъолият мекунад, ки иқтидори корхона барои коркарди солонаи то 12 ҳазор тонна ашёи хоми пахта пешбинӣ
ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Фархор» фаъолият мекунад, ки иқтидори корхона барои коркарди солонаи то 12 ҳазор тонна ашёи хоми пахта пешбинӣ гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
То имрӯз ба корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Фархор» беш аз 2 ҳазор тонна пахта ворид гардида, аз ин миқдор тақрибан 1000 тоннаи он коркард карда шудааст.
Дар ноҳияи Фархор ҳамагӣ 4600 хоҷагии пахтакор фаъолият дошта, дар 2230 хоҷагӣ ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардидааст. То имрӯз дар ноҳия 2988 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Масоҳати умумии кишти пахта дар ноҳияи Фархор 9700 гектарро ташкил дода, тибқи нақша истеҳсоли 20 ҳазору 720 тонна пахта пешбинӣ шудааст.
Кишоварзони ноҳияи Восеъ соли равон дар беш аз 6600 гектар пунбадона кишт намуданд. Тибқи нақша, дар ноҳия ҷамъоварии 15 ҳазору 300 тонна пахта пешбинӣ шудааст. То имрӯз 864 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабули ашёи хоми саноатӣ ворид гардидааст. Яке аз таҷрибаҳои кишоварзони ноҳияи Восеъ кишти чигит дар зери плёнка мебошад. Имсол бори дуюм аст, ки дар ноҳия чунин усули парвариш истифода мешавад. Кишоварзон дар 406 гектар чигити зери плёнка кишт намудаанд. Тибқи мушоҳидаҳои мутахассисон, ҳосилнокии пахта дар чунин майдонҳо метавонад то ба 60сентнер аз ҳар гектар расад.
Пахта ҳамчун яке аз маҳсулоти муҳими кишоварзӣ дар рушди иқтисодиёти минтақа нақши муҳим дошта, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи он барои иҷрои дурнамои истеҳсолӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ аҳамияти калон дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон