Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Намояндаи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба масъалаҳои иқлим Мухтар Бабаев мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин оид ба ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳо ва чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои иқлим табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон доир ба масъалаҳои иқлимӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон